ЛЕВАКАНТ. Дар қасри фарҳанги шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант доир гардид. Дар он раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Авғонова Г, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора., директорону мудирон, омӯзгорону мураббияҳо ва хонанадагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Дар аввал аз намоиши дастовардҳои хонандагони шаҳри Левакант боздид намуда, ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооти хонандагон ҳозирин баҳои баланд доданд.
Дар кори конференсия Давлатзода Зарина, Ашуров Ниёза, Берди Валиев ва дигарон суханронӣ намуда, бурду бохти маорифчиёни шаҳри Бохтарро баррасӣ намуда, нақшаи кориро барои соли нави хониш муҳокима карданд.
Пас аз маърӯзаву баромадҳо як қатор омӯзгорони собиқадору фаъол ва хонандагоне, ки дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳри Левакант, бахши маорифи шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ин рӯз собиқадорони соҳаи маориф, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, мушовири бахши маорифи шаҳр Бердӣ Валиев ва мудири бахши маорифи шаҳр Ашуров Ниёзалӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи консертии омодакардаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.