БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ.  Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 машварати августии омӯзгорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар машварати мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир  муовини раиси шаҳр Одилзода Дилбар, намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бурҳонов М., намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон  Намозов Ҷ., раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр ва дигар нафарони расмӣ иштирок  намуданд.

Тибқи рӯзномаи корӣ гузориши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – Ҳакимзода Қадамшоҳ “Оид ба фаъолият, дастовард ва мушкилотҳои соҳаи маорифи вилоят дар соли таҳсили гузашта ва вазифаҳои кормандони соҳа дар соли нави таҳсили 2021-2022” шунида, баррасӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти кори машварат   9 - нафар аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгороне, ки  пайваста ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назарраси худро мегузоранд, бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg