БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ...

АНДЕША.  Воқеан ҳам заҳматҳои устодон арзандаи таҳсину офарин аст. Заҳматҳо ва талошҳои устодон аст, ки мо соҳиби илм мешавему ояндаи худро месозем. Каме ғарқи дунёи кӯдакӣ мешавем. Тассавур кунед, ки рӯзи аввале, ки ба мактаб меравӣ танҳо дар фикрат андешаҳои бозиҳои кӯдакона аст. Вақте, ки паси мизи дарсхонӣ менишинӣ,  аввалин сухане, ки устод ба мо мегӯяд чӣ аст?  Салом бачаҳо! Ба  ҳамин сар мешавад дунёи рангини кӯдакӣ. Ба мо меомӯзонад, чи тавр дар паси мизи дасрхонӣ нишастанро, ки таври навиштани аввалин ҳарфи китоби алифбо “О”-ро. Ҳақ бар ҷониби бузурге, ки фармудааст.

То тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ  хуни чигар шавад.

Дар ҳақиқат то мо навиштани ҳарфи “О”-ро аз худ мекунем, устод чанд бор аз дасти мо гирифтаву моро нишон медиҳад. Ба мо меомӯзонад дасри одаму одамгариро ба мо нишон медиҳад роҳи дурусти зиндагиро то мо дар оянда шахсияти комил ба воя расему хору зор нашавем.  Эй устод мехоҳам китоб-китоб васфат кунам, Аммо афс-с кударти эҷоди суханҳои ба васфат баробарро надорам.

Танҳо дар охир мегӯям.

Аё устод аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,

Чароғе дар дили шогирд  хомушат нахоҳам кард.

Ба ҳамаи устодон омад-омади соли нави хонишро муборакбод намуда,  дар ин вазифаи пурмасъулият ба ҳар яки Шумо бурдбориҳо таманно мекунам. 

Шодибеги Идӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg