КӮЛОБ. Дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иыроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои футболи ғайрикасбии деҳоту маҳллаҳои шаҳр оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Гулрухсор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб – Баҳром Садиров ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони кишвар ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва тарғибу ташвиқи футбол миёни аҳолии кишвар роҳандозӣ гардида, дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст.
Тибқи тақвими қуракашӣ дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Хонаобод” - и ҷамоати деҳоти Даҳана ва “Борбад”-и маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бозӣ ба ҳисоби 6:3 ба фоидаи дастаи “Борбад” ба анҷом расид.