Ҷ.БАЛХӢ. Зери ин шиор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Навоӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинон варақаҳои тавсиявиро дастрас карданд.
Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба шаҳрвандон таъкид доштанд, ки бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд, бе ниқоби муҳофизатӣ аз хона берун нашаванд ва аз тавсияҳое, ки дар варақаҳо оварда шудааст истифода намоянд, зеро саломатӣ гавҳари ноёб аст.