БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲДИДИ ХАТАРҲОИ СИЁСӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

АНДЕША.  Масъалаи муҳиме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст муташанниҷ будани вазъи сиёсӣ дар қисми аз мамлакатҳои исломӣ ба хусус кишварҳои Ховари Миёна, задухурдҳои мусаллаҳона ва  шомил шудани ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ мебошад. Имрўз ташкилоти экстремистию террористии «ҲНИ» дар хориҷи мамлакат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ махсусан ҷавонони ҳудуди Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо сафи тарафдорону аъзои худро зиёд намуда,  мехоҳад бо амалӣ намудани ин ҳадафи ғаразнокаш ба пояҳои асосии сулҳу субот ва оромии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки бо ҳазор заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ормонҳои ҳамешагии мардуми сулҳпарвари тоҷик ба даст омадааст боз аз сари нав халал ворид намояд.

Аммо мо мардуми тоҷик хуб медонем ва огоҳем, ки як бор меваи талхи тундгароиву фиреб, бегонапарастиву зиёдаравиро чашидем ва то имрӯз таъсири бадаш аз вуҷудамон нарафтааст.

Имрӯз қисми зиёди гурӯҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои террористӣ, пеш аз ҳама паст будани саводи динӣ, ҷаҳонбинии тангу торик ва нокифоя будани илму дониши замони муосир мебошад. Хатари созмонҳои ифротӣ барои аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетараф будан ба ин зуҳурот оқибатҳои ниҳоят фоҷиаовар дорад. Имрўзхо бо сабаби дар сатхи нокифоя қарор доштани донишу маърифати баъзе аз ҷавонон сабаб гардидааст, ки бештари ҷиноят ва ҷинояткориҳо дар байни ин табақаи ҷомеа рух дода истодаанд.

Бинобар ин дар раванди вазъи геополитикӣ қисме аз кишвархои олам ҷони чандин инсонхои бегуноҳ аз ҷумла ҷавонон аз байн рафта истодааст, ки ҳар яки мову Шумо падару модарон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро водор ба он месозад, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонону наврасон сахми арзанда дошта бошем.

Комилов Сироҷиддин,  узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg