КӮЛОБ. Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии қуръакашӣ миёни дастаҳои ғйрикасбии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, роҳбарони дастаҳо ва дигарон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи мазкур дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот дар ҳамбастагӣ бо мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар даври дуюм баъд аз қуръакашӣ ҳашт даста аз деҳаҳои ҷамоату маҳаллаҳои шаҳр бо ҳам рақобат хоҳанд кард.