ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки аз азал халқи тоҷик дар нигоҳдории марзу буми Ватани худ ҷонбозиҳои беназир намуда, забон, фарҳанг ва ниёгони худро аз аҷнабиёну тахтхоҳон дар амон нигоҳ доштанро рисолати аслии хеш медонистанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чор давлат ҳамсарҳад мебошад. Миллати тоҷик дар ҳамсоядорӣ, меҳмоннавозӣ ва дӯстиву бародарӣ ҳамто надорад.
Баҳсу мунозираҳое, ки дар байни тоҷику қирғиз ва ё дигар халқиятҳо бо миллати мо ба амал омадааст ва ё меояд, халқи заҳматқарину ҷонфидои тоҷик дар зери ғояҳои миллӣ ва андешаҳои созандагӣ қадам мегузорад ва намегузорад, ки ҳар як ҷинси кучак миллати моро озору азият ва шиканҷа диҳад. Озору азият нисбати миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.
Сару садоҳое, ки дар миёни тоҷику қирғиз эҷод шуда буд, як фурсатеро барои бадхоҳони миллати тоҷик, яъне ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24 дигар ҳаммаслаконашон ба амал овард, аз ин вазъи рухдода истифода намуда, бо мақсади ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, давлатро дар зери идораи худ қарор додан дар ҳаққи давлат ва роҳбарияти он тамоми туҳмату буҳтонро печонида аз миллати қирғиз ҷонибдорӣ намуданд. Ин хоинони миллат намедонистанд, ки халқи тоҷик дигарбора ба гуфтаҳои пучу бемаънии онҳо бовар намекунанд ва барои ҳифзи марзу буму хеш ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳар нафаси кашидаи хешро барои Ватан сарф менамоянду барои оромияш пайваста омода мебошанд, барои ободияш заҳмат мекашанд. Ҳамаи ин моро ҳушдор месозад, ки нисбати ваҳдати худ сахттар амал намуда, муттаҳидии хешро пароканда насозем, зеро ки баъзе бадхоҳони миллатамон ба пӯсти рӯбоҳ дохил шуда, мехоҳанд бо макру ҳиллаи худ сулҳи моро аз байн баранду боз мардуми тоҷикро ғарибу дарбадар созанд.
Миллати сарбаланду ғаюри тоҷик мудом ба ҳимояи Ватани худ омода ҳастанд, зеро ки Ватан боиси хушҳолии оилаи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад ва соҳиб шудан ба ҳамаи хушбахтиҳо аз ватандорӣ манша мегирад. Мо дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин давлатро сохтем, ободаш кардем ва ҳифзаш мекунем, ин гувоҳ аз доштани ғуруру ҳуввияти миллии мо шаҳодат медиҳад.
Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш