БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ВА 30-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

АНДЕША. Си соли пурифтихор, си соли сарбаландӣ, си соли саодату хушурӯзгорӣ дастоварди нодири кишвар-ин Истиқлоли давлатӣ, ки  дорои олам-олам гавҳарот аст, барои фаъолияти корӣ ва рузгори  мо бонувон-занон низ бетаъсиру бенатиҷа нест. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати мо бонувон-занони хушбахти даврон  дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи пешрафтаи аксари кишварҳои олам нишон медиҳад, ки дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳамчунин таҷрибаҳо, мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки зан-бону чӣ дар кори хона ва чӣ дар кори давлату сиёсатдорӣ басо қобилу оқилу зирак аст. Хусусан саҳми занон  дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

Имрӯз, ки пас аз садсолаҳои маҳрумият мо дубора соҳиби давлати худ гардидем, дар канори он будану зери парчамаш сарбаландона саф кашидан вазифа ва масъулияти ҳар як бонуи тоҷик низ ҳаст. Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқе гузошт. Мо бонувону занон  ҳамчун фарзандони ин сарзамини марзу буми аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштем. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ зани тоҷик  тавонист  собит намояд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонад сарбаландона иҷро намояд.

Дар инҷо таъкиди як иқтибоси машҳуру писандидаи  таърихии, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маврид мешуморам, ки гуфтааст:- «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Бояд  гуфт, ки  барои зани тоҷик маҳз даврони истиқлолӣ боис гашт, то соҳиби ин ҳама эҳтирому васфҳо гардад.

Пас мо бонувон-занон бо шукргузорӣ аз иқдомҳои наҷибу одилонаи Пешво сипосмандӣ аз васфҳои воло  бояд тамоми сайю талошамонро харҷ намоем, то арзандаи ин ҳама кумаку дастгириҳои рӯзафзуну пурсамари Пешвоямон шуда тавонем. Рисолати худро, ки пеш аз ҳама тарбияи дурусти насли наврас, аз ҷумла дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ бузург кардани онҳост иҷро намоем.

Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши мо бонувону занонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муввазафтар мегардонад.

Мо-бонувон  дар партави Истиқлолият тавонистем ҳамон асолати оташ будани худро дарёбем, дар баробари мардон қадам монем, асолати зан будани худро ҳифз кунем ва бори дигар симои модари тоҷикро нишон диҳем.

Инчунин,  ногуфта намонад, ки Интишори фармони Президенти мамлакат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба мо бонувон ва қадрдшиносии занон  мебошад, ки  аз ин супориш  бениҳоят сипосманду хушнуд ва миннатдорем.

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg