Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, бо ҷалби ихтиёриён аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳамарӯза то рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» вобаста ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, тозагии маҳал, атрофи роҳҳо, рангу бор намудани манзилҳои зист, таҳти унвони «Ободии Ватан-саодати мост!» баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат ҳизбиёни ташкилотҳои ибтидоии “Баҳор” дастаҷаъмона аксияи ҳизбии «Тозагии маҳал» баргузор намуда, атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 -ро тоза карда, роҳравҳои даромадгоҳ ва майдончаи варзишии муассисаро аз алафҳои бегона тоза намуданд.