ВОКУНИШ. Инсон мавҷудотест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеҷ фарқе аз ҳайвон надошта, маънои ҳастияш гум шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки хоинони ин сарзамин, ки имрӯз дар Варшава беномусона зери домони САҲА пинҳон шуда, миллату давлатро барои таваллуд шудани худ айбдор карда истодаанд, ба қатори чунин беномусонанд, ки барояшон ягон арзише мавҷуд набуда, фақат ғуломона ва манқуртона бо дастури хоҷагонашон тамоми қартаҳоро бозӣ даровардан мехоҳанд, то ин, ки имиҷи давлату миллатро дар ҷаҳон паст намоянд. Оё ин нишонаи ватандӯстӣ аст? Оё онҳо миллат дӯстанд?. Ҳаргиз не. Ин манқуртон ҳудро тоҷику тоҷикистонӣ ном бурда, заррае шарму ҳайё накарда, ҳама воситаҳоро истифода бурда истодаанд, ки чун фоҳишаҳои сиёсӣ дар ҳама саҳна бозӣ намоянд. Аҷибаш он аст, ки рӯйирост аз иғво истифода бурда, маккорона симои худро ҳар лаҳза иваз намуда истодаанд.
Дар роҳи ба даст овардани мақсадҳои ифлоси худ аз тамоми ифлосиҳо истифода бурда истодаанд. Имрӯза хоинони миллат зери шиорҳои исломӣ фаъолият мекунанд. Бадгӯӣ нисбати давлат, хиёнат ба миллат, аз ҳама нобахшиданиаш боз ҳам гумроҳ кардани мардум бо роҳи ташкили сӯйиқасд ба ҷони ҳамдигарӣ, тақаллуб, фанду фиреб ва дигар амалҳои гумроҳкунандаю ба доми худу хоҷагони хеш фикананда аз амалҳое ҳастанд, ҳамарӯза дар рафтору гуфтор ва кирдори ин хоинону террористон, амсоли аъзои ТЭТ ҲНИ, ТЭ Гурӯҳи 24, АОТ ва дигар гурӯҳу гурӯҳчаҳое, ки ҳамоно эҷоду таъсиси онҳо бо ҳамон як механизму ҳадаф ва таҷрибаи барвақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони озмудашуда идома доранд, дида мешавад.
Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дассисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбудагон дода нашавем.
Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия- сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н. Восеъ