ҶАЙҲУН. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудани китоби "Тоҷикон" мебошад, ба ноҳияи мо низ расид.
Китоби «Тоҷикон» соли 1972 ба забони русӣ аз чоп баромада, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро дар рушди тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.