БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 Март 2019

Терроризм зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи имрӯза

ВОКУНИШ. Дар оғози қарни XIX инсон бо амали номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризми байналмилалӣ мебошад. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро  амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин ақидаҳо асоси воқеӣ надорад. Решаҳои терроризм хеле чуқур мебошад.

Мазҳакаи навбатии наҳзатиён худашонро шарманда кард!

ВОКУНИШ.Ҳафтаи гузашта боз дар шабакаҳои  иҷтимоӣ як маҳзакаи навбатии бо ном “ғамхорону дилсӯзони” миллати тоҷик аз шаҳри Амстердам пайдо шуд, ки боиси ошуфтагии хотири миллати сарбаланди тоҷик гардид.

Фитнагарони ватанфурӯш ба монанди Шарофиддин Гадоев ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд!

ВОКУНИШ.Корҳо ва ё ақидаҳое, ки имрӯз аз ҷониби шайтонбачаҳои наҳзатӣ монандаи Гадоеву ва дигаронаш нисбати халқу Ватани худ мегӯянду анҷом медиҳанд, маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон нафратам боло мегираду ҳазорон маротиба ба онҳо лаънат мехонам. Шарофиддин Гадоев аз он фитнагарони наҳзатие мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд.

Ба ҷойи маъракаороӣ барои фарзандонамон шароити арзанда фароҳам меорем!

КӮЛОБ. Бо ҳидояти аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони маҳаллаи Файзобод барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Кӯлоб, ки дар дохили маҳаллаашон аст, як адад тахтаи электронӣ бо тамоми таҷҳизоташ ва компютеру принтер харидорӣ намуданд.

ҲХДТ – ҳизби мардумӣ буда, шиораш хизмат ба халқ аст!

ДӮСТӢ. Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Шаҳринави ӌамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоӌикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳа суҳбату вохӯрӣ оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Ҷавононро дар роҳи ватандӯсти тарбия менамоем!

ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи политехникӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Наврасон ояндасози миллату давлат мебошад!

ВОСЕЪ. Дар асоси ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ  дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №6»-и ҷамоат деӽотӣ А.Рȳдакӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Эътимоду боварии мардум нисбат ба ҲХДТ зиёд гардида, шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯ ба афзоиш дорад

БОХТАР. Дар Коллеҷи омӯзгорӣ- иҷтимоии шаҳри Бохтар ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоии ба ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гузошта шуд.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ!

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузори суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Ҷанговарони Башардӯст бо ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ноҳия дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ” баргузор гардид.

Эҳёи анъанаҳои неки ниёгон рушди корҳои хонагӣ дар пешравии зиндагиамон мусоидат мекунанд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даҳана-2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Вохӯриву суҳбатҳо ба хотири баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар деҳот

ХУРОСОН.Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизилқалъа баргузор гардид.

Терроризм ба ҳама давлатҳои дунё хатар эҷод мекунад

ХОВАЛИНГ.Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии  Гулзор оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, дар қатори аъзои ҲХДТ шумораи зиёди ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд!

ПАНҶ. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! пеши роҳи исрофкориву худнамоиро гирифт

МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  вобаста ба амалӣ  намудани самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҷалби  васеи мардум  ба татбиқи  ҳадаф ва  мақсадҳои созандаи он, тарғибу ташвиқи  нуктаҳои  Паёми имсолаи  Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Деҳаи Ғофилободи убара» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Истиқболи шоиста аз ҷашни Наврӯз!

ЛЕВАКАНТ.Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» - бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  Нуринисо Ибодуллоева ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Суманак рамзи Наврӯз» доир гардид, ки дар ҷараёни он занону духтарони аъзои фаъо

Тарғиботро байни мардум тавассути нашри махсуси “Ҳамрози халқ” зиётар ба роҳ мемонем!

КӮЛОБ. Дар ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаҳои  ҷамоат  баргузор гардид.

Об ва замин неъмати бебаҳост дар рӯи олам

ДАНҒАРА.Дар асоси баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Беҳтарин хайр ин дасти беморону дармондагонро гирифтан аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ҳифзи иҷтимоӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз неруи барқ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби

БОХТАР. Тибқи нақшаи вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаи барқи ҷануб» вохӯрии ҳизбӣ доир гардид.

Паёми Пешвои миллат руҳияи созандагии мардумро боло бардошт

А.ҶОМӢ. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз руҳияи созандагии мардумро хеле боло бардоштааст. Ин маъниро дар хонишҳои сиёсие, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ гузаронида мешавад, баръало эҳсос менамоем.

Корҳои маърифатию сиёсӣ дар ҷомеа вусъати тоза доранд!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат бо

Наврӯз аз эҳёи дубораи табиат мужда медиҳад

Н.ХУСРАВ. Бахшида ба  таҷлили  Нарӯзи байналмилалӣ тибқи  нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия, бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки ҷавонону наврасон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Пайғоми Наврӯзӣ»  баргузор гардид.

Наврӯз як бахши муҳимтарини табиат

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аксияи ҳизбии «Пайки Наврӯз» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид, ки дар он садҳо нафар ҷавонон ва фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд.

Вусъати корҳои ободонӣ баҳри рушду ободии Ватан

КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар  деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кушониён  барои  сазоворва бо дастовардҳои назаррас  пешвоз гирифтани 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ   ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар рушду нумуи деҳоти худ саҳмгузорем!

ВАХШ.Бо иштироки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пахтакор-1»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо сокинони деҳаи мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Солимии ҳар яки мо аз муҳити зисти мо вобастааст!

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №6”-и ҷамоати шаҳраки Фархор бо ҷалби сокинон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  корҳои ободониву созандагӣ  намуданд.

Маъбон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!

ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ҷ. Румӣ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Роҳсозӣ ба ҷойи маъракаҳои ғайриқонунӣ!

КӮЛОБ.Ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷомеаро дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" барои дуруст сафабар кардани корҳои хайру сахо роҳанамоӣ намуда истодааст.

Варзиш- яке аз суннатҳои Наврӯз

ЁВОН.Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад. Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештарро касб мекунанд.

ӼХДТ-Раӽнамои ҷомеа ба сȳӣ ободкориву бунёдкорӣ!

ВОСЕЪ. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон»-и ҷамоат деӽоти Гулистон хониши сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза вохȳрӣ баргузор гардид.

Ба зери парчами ту саф кашидаем…

А.ҶОМӢ.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси ташкилоти хизбии «Иттифоқ» оид ба маҳали зист Дӯстмурод  Расулов,  корҳои ободонию созандагӣ дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқ

Ниҳолшинонӣ ва гулпарварӣ хоси мардуми бомаданият аст!

КУШОНИЁН.Бо мақсади роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фурудгоҳ» вохӯрӣ  баргузор гардид.

Пешсафони марафони велосипедронӣ бо туҳфаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд

ВАХШ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши ҷавонон" марафони велосипедронӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ   чорабинии ботантана доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg