ХУРОСОН.Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизилқалъа баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз раисони ташкилотҳои ибтидоии барои боз ҳам баландбардоштани масъулияти шаҳрвандон даъват ба амал оварда,ба онҳо маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.
Дар хотима новобаста аз оне, ки корҳои ободонӣ дар тамоми маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат рафта истодааст, вале оид ба аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, маъюбону беморон, ятимону барҷомондагон тавсияҳо дода шуд.