БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳсозӣ ба ҷойи маъракаҳои ғайриқонунӣ!

КӮЛОБ.Ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷомеаро дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" барои дуруст сафабар кардани корҳои хайру сахо роҳанамоӣ намуда истодааст.

Ин навбат зимни роҳандозии Аксияи ҳизбии мазкур наздики 10 километр роҳҳои дохили деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии назди деҳа ва соҳибкорон ҳамвору сангфарш карда шуд.

Дар рафти кор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён анҷоми чунин амалҳои некро ба ҷойи маъракаҳои серхарҷ аз нигоҳи диниву дунявӣ шаҳр дод. Дар ҳамин замина таъкид доштанд, ки аз маъракаороии намоишкорона дида, аввал шароити зиндагонии худро дар якҷоягӣ хубу беҳтар гардонем ва дигар хайрҳои ҷорияро ба манфиати мардум ба манфиати халқу Ватан анҷом диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg