![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190316_094300.jpg?itok=zyEP4F-h)
КУШОНИЁН.Бо мақсади роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фурудгоҳ» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ баромадҳо намуда, қайд карданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад”.
Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, иштирокдорон дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тоза намудани гирду атрофи бинои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз партову алафҳои бегона, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва шинонидани зиёда аз 1500 бех дарахтони ороишиву ҳамешасаб ва гулҳои рангоранги мавсимӣ саҳми худро гузоштанд.
Дар охир ба иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.