БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқболи шоиста аз ҷашни Наврӯз!

ЛЕВАКАНТ.Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» - бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  Нуринисо Ибодуллоева ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Суманак рамзи Наврӯз» доир гардид, ки дар ҷараёни он занону духтарони аъзои фаъоли ин ташкилот бо шеъру сурудҳо дар васфи баҳору Наврӯз мардуми шаҳр ва кормандони як қатор ташкилоту идораҳоро бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфтанд.

Ин амал, яъне ба табрики ҳамдигар рафтану таманниёти нек намудан аз ҷумлаи анъанаҳои неки ин ҷашни бошукӯҳу қадимӣ ба шумор меравад. Мо хостем бо ин тадбир ин анъанаи азбайнрафтаро дубора ба роҳ монем,- гуфтанд, масъулини  чорабинӣ ва илова намуданд, ки ният доранд то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чунин чорабиниҳоро дар маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр баргузор намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg