БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм ба ҳама давлатҳои дунё хатар эҷод мекунад

ХОВАЛИНГ.Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии  Гулзор оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, дар қатори аъзои ҲХДТ шумораи зиёди ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.

 Дар назди ҷамъомадагон мутахасисси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш. Набиев баромад намуда,  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин маълумот дод.

 Таваҷҷуҳи ҳозирин ба он масъалаҳое ҷалб карда шуд, ки дар шароити рӯз иҷрои он аз ҳар як аъзои ҳизб ва сокини кишвар масъулияти дучандро талаб менамояд. Ба ин рӯйхат  зуҳури терроризм, экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, нашъамандию нашъҷаллобӣ, кибертерроризм, омилҳои бавуҷудоии онҳо  ва роҳҳои решакан намудани зуҳуроти номатлуб, ҷаҳонишавӣ, паҳн гардидани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва дигарҳо дохил мешаванд.

Дар хониш қайд гардид,  ки дар шароити ноороми ҷаҳон Тоҷикистон аз хавфу хатар   амалҳои террористӣ дар канор нест. Дар чунин шароит мубориза бар зидди  зуҳуроти номбаршуда бояд вазифаи ҳар як аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он ва онҳое мебошад, ки ин Ватан, ин миллат,  дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ба сарбурданро аз ҳама боло ва азиз медонанд.

Алайҳи терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, дар сатҳи зеҳнӣ (ақлонӣ) мубориза бояд бурд, зеро сабаби асосии терроризм тангназарии ақлонӣ ва ҷаҳолат мебошад, - гуфт Ш. Набиев.

Дар охир ба ҳозирин зарурати ташкил ва гузаронидани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” фаҳмонида шуд.  Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иқдом гирифтанд, ки дар ҳамдастию ҳамкорӣ кӯчаҳои деҳаро чароғон намуда, дар баробари тоза намудани ҷӯйю кӯчаҳо, рангубор намудани  хонаҳо ва истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳа хатсайри сайёҳӣ ташкил менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg