БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! пеши роҳи исрофкориву худнамоиро гирифт

МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  вобаста ба амалӣ  намудани самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҷалби  васеи мардум  ба татбиқи  ҳадаф ва  мақсадҳои созандаи он, тарғибу ташвиқи  нуктаҳои  Паёми имсолаи  Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Деҳаи Ғофилободи убара» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Зимнан масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олиро, ки дар он тамоми самтҳои  муҳими хоҷагии халқ  матраҳ гардиданд,ба  ҷамъомадагон фаҳмониданд.

Инчунин,дар ин раванддоир ба  эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал  мекунем!» андешаронӣ намуда, аз ҳар як сокини деҳа  ҷиҳати худдорӣ аз  маъракаороии беҳаду ҳудудва сарфи маблағҳо дар ободии маҳали зисти хеш  ҳидоят намуданд.

Дар охир ба сокинони деҳа  нашри махсуси нашрияи  ҳизбии «Ҳамрози халқ»-ро дастрас  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg