БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои маърифатию сиёсӣ дар ҷомеа вусъати тоза доранд!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Қаландаров Сафархон хониши сиёси баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки ҲХДТ дар фаъолияти худ ҳамеша талош кушиш менамояд, ки ба таври огоҳона ҳар шаҳрванд, новобаста аз ин ки дар чи мақому вазифа ва дар чӣ ташкилоту муассиса кор мекунад, агар мавқеи сиёсиашро муаян кардаву ҳамсафи ҲХДТ – дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои азизамон мушаххас гардидаанд ҳисса гузорад.

Ҳамчунин, қайд карда мешавад, ки дар рафти чорабинии мазкур дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи хизбҷӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" бо иқдоми ташкилоти ибтидоии "Ғалаба" ба чор оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg