БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш- яке аз суннатҳои Наврӯз

ЁВОН.Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад. Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештарро касб мекунанд. Бузургӣ ва фазилати дигари ҷашни Наврӯз дар он аст, ки одамонро ба рафоқату бародарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва фаромӯш сохтани душманиҳо, тозаву озода намудани макони зист, сару либос, ашёи рӯзгор ва аз дилу хотирҳо дур сохтани кинаву адоват даъват мекунад.

Яке аз суннатҳои ҷашни бошукуҳи Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабилӣ гӯштингирӣ, чавғонбозӣ, аспдавонӣ, волейбол ва футбол мебошад, ки  бештари  ҷавонону наврасон ба он рағбату шавқи беандоза доранд.

Футбол яке бозиҳои маъмулӣ ва дӯстдоштаи ҷавонону наврасон мебошад. Маҳз бо баргузории чунин чорабиниҳо мо метавонем ҷавононро аз ҳаргуна фикру ақидаҳои тундраву ифротгаро боз дорем ва онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намоем.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам байни ҷавонони ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ ва Рӯдакӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бозии варзишии футбол ташкил карда шуд, ки ғолибони мусобиқаи мазкур бо сипоснома, медалҳо ва Ҷоми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон тақдим гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg