БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд!

ПАНҶ. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Вобаста ба ин дар толори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Панҷ маҷлиси ботантана бо иштироки зиёиён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ба муносибати супоридани ҷоизаҳои ифтихорӣ ба варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намояёнро ишғол намуданд, баргузор шуд.

Дар  чорабинӣ узви раёсати Кумтаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода М, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев К, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Солиҳов Фирдавс ва дигар меҳмонони даъватӣ иштирок намуданд.

Баъд аз баромадҳои судманд раиси ноҳия Сайфуддинзода М,  муррабӣ ва варзишгарони ҷавонро, ки ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявиӣ аз намуди варзиши каратэ ва гуштини миллӣ гардиданд бо Ифтихорнома ва Дипломҳои дараҷавӣ сарфароз гардонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg