КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даҳана-2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо эҳё ва густариш додани урфу одатҳои неки мардумӣ заминаи хуб барои рушду нумуи кишвар ва соҳибкору соҳибкасб гардидани мардум фароҳам омада, ин равиш дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши созгор хоҳад гузошт.
Дар ин росто аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даҳана-2” Саидова Соро таъкид шуд, ки фаъолон, донишмандону шахсони обрӯманду рӯзгордидаро зарур аст, ки дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошанд.
Иштирокдорон дар фарҷоми суҳбат ваъда доданд, ки пайваста дар миёни ҷомеа ҳикмату фалсафаи созандаи анъанаҳои неки миллиамонро тарғиб карда, дар эҳё ва рушду нумуи онҳо саҳм мегузоранд.