БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фитнагарони ватанфурӯш ба монанди Шарофиддин Гадоев ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд!

ВОКУНИШ.Корҳо ва ё ақидаҳое, ки имрӯз аз ҷониби шайтонбачаҳои наҳзатӣ монандаи Гадоеву ва дигаронаш нисбати халқу Ватани худ мегӯянду анҷом медиҳанд, маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон нафратам боло мегираду ҳазорон маротиба ба онҳо лаънат мехонам. Шарофиддин Гадоев аз он фитнагарони наҳзатие мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд. Ба Тоҷикистон омадану боз Аврупо рафтани Ш. Гадоев низ яке аз дассисаҳои навбатии бадхоҳони миллати тоҷик аст. Дар асл омадану рафтани чунин хоинону ватанфурӯшон ягон аҳамияте надораду нахоҳад дошт. Зеро чунин нафарон асолатбохтагоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ роҳгумзада шудаанд. Ин Ватани маҳбуби ҳамаи мо-Тоҷикистони азиз бе Ш. Гадоеву М. Кабирӣ, А. Шерзамону дигар хоинон ободу зебо ҳаст ва аз ин ҳам ободтар хоҳад шуд.

Аммо дар ин миён набояд ҳеҷ гоҳ воқеаҳои нангину фоҷеабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаи аввали солҳои навадум-ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, хиёнату дассисаҳо, истифода бурдани минбарҳои калони исломӣ аз тарафи намояндагони ТЭТ ҲНИ тавассути хоҷагон ва дар ин замина бурдани ҷанги идеологӣ, аслан нақша ва дурнамои барномаҳои тарҳрезишудаи душманони миллату давлати мо буда, бо дастгирии кишварҳои хориҷа рӯи кор омадаанд, фаромӯш созем.

Сари болои тоҷикон аз фарҳанги волои ӯст ва инак бо фарҳанги сулҳофарӣ дар тамоми ҷаҳон ифтихор мекунем. Дар таҷрибаи таърих беназиртарин корро сомон додем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро бахшид, ба хотири оромиву осудагии кишвар, ба хотири фардои дурахшони ин миллату сарзамин. Пас чаро иддае боз носипосиву курнамакӣ намуда, теша ба пояҳои Истиқлолияти давлатӣ зада истодаанд. Минбарҳои гуногуни итилоотиву сиёсӣ ва диниро интихоб намуда, берун аз Ватан даъвои ватанхоҳӣ карда, нияти сиёҳ сохтани миллату давлатро доранд.

Чӣ бояд, кард ки тамоми ҷомеа аз кӯдакону наврасон сар карда, то ҷавонону пиронсолон, ҳама новобаста аз тоҷиру ронанда, деҳқону коргар, муҳоҷиру варзишгар, зиёиву табиб, мувоҷеҳи он бошанд, ки дубора саҳву хатоҳоро мо ҳамагон такрор накунем?! Ба карахтиву барҷомонии иддае аз аҳли ҷомеа чи чораандешӣ намоем? Баръло мебинем, ки нафароне чашм аз кирдорҳои ҳасудон гурезонида, гӯшро ношунавою мушкилот мушкилоти ман нест гӯён бетарафиро ихтиёр менамоянд. Солҳои навадуми асри гузашта маҳз хамин бетарафиҳо ва аз ҷиҳати фардӣ ва сиёсӣ, таҳлили амиқ накарданҳо, нисбати ҳар даъвату гуфторҳо бе хулосагирии аниқ равон шуданҳо буд, ки Ватани азизи мо-Тоҷикистон оғуштаи носозгориҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.

Он бадбахтиву нобасомониҳои ба сари мардуми Тоҷикистон омадаро наметавон бо ягон хел маблағ ҷуброн намуд. Мо метавонем андешамандона аз таърихи талхи худ сабақҳо гирифта. ояндаи дурахшони фарзандонамонро барпо намоем. Имрӯз зарур аст, таълиму тарбияро аз оила оғоз кунем. Зерои “Оила макони меҳру муҳаббат” ба ҳисоб меравад. Сипас, онро дар боғча, марказҳои инкишофи кӯдакон, муассисаҳои талимӣ, техникуму коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дар корхонаву муассисаҳо, масҷиду қасрҳои фарҳанг, толору варзишгоҳҳо, хуллас дар ҳама ҷо ва ҳамавақту доимӣ ҷоннок намоем. Идеологияи дурусти ҳамзистии осоиштаро дар мағз-мағзи кӯдакону наврасон, ҷавонону аҳли ҷомеа дуруст ҷой намуда, такя ба фарҳанги қадиму адабиёти ғанӣ карда, истеъдоди азалиро инкишоф ва ғайрати адонашавандаи эҷодии миллатро ҳамеша дар ҳоли рушд нигоҳ дорем. Агар, тамоми сокинони ҷомеа, комилан дурусту бовиҷдонона паи ислоҳи камбудӣ ва пешравии ҷомеа гарданд, мо метавонем дар ҷомеа сулҳу салоҳи комил ва инкишофи ҳамаҷонибаи тамоми равандҳои ҷомеаро таъмин намоем.

Мо ҳамагон фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани аҷдодӣ бар дӯши ҳар кадоми мо қарор дорад. Агар мо дар ҳақиқат хоҳони пешравии Ватани азизамон - Тоҷикистон бошем, дар оянда ободу осудагӣ, ваҳдату амнияти комил, инкишоф, тараққӣ ва пешравии босуръати онро дидан хоҳем, имрӯз кинаву ғаразҳоро аз дилҳо дур намуда, барои фарзандонамон шароит муҳайё созем.                               

 

Комилов Алӣ, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg