А.ҶОМӢ. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз руҳияи созандагии мардумро хеле боло бардоштааст. Ин маъниро дар хонишҳои сиёсие, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ гузаронида мешавад, баръало эҳсос менамоем.
Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол»-и деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов, оид ба мазмуну муҳтаво ва талаботи самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сокинон дар доираи баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ баргузор гардид.