ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ҷ. Румӣ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамзамон бахшида ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди меъроси фарҳанги миллӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин,дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии « Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Алимардонов Исмон ба маъюби гурӯҳи якум Исмоилов Қудратулло қумаки ғизоӣ расонида шуд.