БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз неруи барқ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби

БОХТАР. Тибқи нақшаи вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаи барқи ҷануб» вохӯрии ҳизбӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, мудири шуъбаи таблиғот, иттилотт ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шукрона Нуруллозода  иштирок намуда,  доир ба мавзӯъҳои гуногуни мубрами рӯз  иброз ақида  карданд.

Инчунин, масъулин аз нуктаҳои муҳими  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ,  Маҷлиси КИМ ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ, ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ, стратегияи миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ободониву созандагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ суханронӣ карданд. Хурсандиовар он аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии давлат ин расидан ба истиқлолият энергетикӣ мебошад.  Бо ба истифода додани  НБО-и Роғун метавон гуфт, ки Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расидааст.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg