ВОСЕЪ. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон»-и ҷамоат деӽоти Гулистон хониши сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза вохȳрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Сафарова Ӽафиза оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ва ӽамчунин оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Наврȳзи байналмилалӣ андешаронӣ намуд.