ДӮСТӢ. Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Шаҳринави ӌамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоӌикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳа суҳбату вохӯрӣ оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар рафти суҳбат масъулин зимнан доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарғӣби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, самараноку сарфаҷӯёна истифода бурдани обуз амин ва нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии маблағи онҳо, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз ҳар яки сокинони деҳа ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулияти баланди ватандӯстиро даъват карданд.
Инчунин, масъулин дар ин раванд дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ободонӣ ва тоза намудани деҳаву маҳаллаҳо сухан гуфта, сокинонро баҳри мумфарш намудани роҳи назди мактаб, таъмири пули ҳудуди деҳа ва дигар корҳои созандагӣ раҳнамоӣ намуданд.