Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ҳифзи иҷтимоӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар, иштирок ва суханрони намуд.
Зимнан Алиев Зафар дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки сатӽи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи тамоми ҷабӽаҳои ӽаёти он мебошад. Ӽар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ӽамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятӽо ноил мегардад.
Дар доираи амалии Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ҳифзи иҷтимоӣ” ба як нафар ниёзманд кӯмаки молияви намуданд.