БОХТАР. Дар Коллеҷи омӯзгорӣ- иҷтимоии шаҳри Бохтар ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоии ба ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гузошта шуд.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва шахси масъули он интихоб карда шуда, мувофиқи овоздиҳии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шахси масъули он интихоб гардиданд.
Баъд аз таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ чанде аз иштирокдорон бо хоҳиши худ ариза пешниҳод намуда, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.
Дар вохӯрии нахустин масълин андешаҳои хешро баён карда, иброз доштанд, ки ҲХДТ роҳбари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар асл ҳизби созанда ва мардумӣ мебошад.
Дар охири чорабинӣ ба аъзои навқабулшудаи ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.