БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

10 ноябр 2021

ОҒОЗИ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ

ВИЛОЯТ. Шурӯъ аз санаи 8-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳи  муштарак аз ҳисоби  Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ оғоз гарддид.

ПОЯНДА БОД БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

“ Рузи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст.  Халқи  тоҷик  дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш  бори  аввал  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул кард.

КОНСТИТУТСИЯ - НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади татбиқи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бахшида  ба  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон вохӯрии  ҷавонони ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гулзор”-и  ҷамоати деҳоти Фирӯзаи  ноҳияи Носири Хусрав   таҳти  унвони "Конститутсия санади таърихсоз»   баргузор  гардид.

ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Н.ХУСРАВ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳӣ  дар  маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома доранд.     

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 6-и деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва ҳамзамон, фаҳмонидани моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуда, бо сардорони оилаҳо вобаста ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории  коронавирус суҳбат намуданд.

АГАР БО КОРАФТОДА МУНОСИБАТИ САМИМӢ КУНЕМ, Ӯ ҚАНОАТМАНД МЕГАРДАД

АНДЕША. Аз таҷрибаи хеш мушоҳида намудам, ки баъзан нафарон аз рӯи оддат худро бечораҳол гирифта,  сад дарро ангушт мезананду мададу ёрӣ аз нафарони мансабдор талаб мекунанд. Онҳо аз ин амалӣ худ ба мисли касб одат карда, ҳеҷ вақт бо меҳнат дарёфт кардани пулро ба худ хос намедонанд. Дар асл агар ба шароити иҷтимоӣ он нафар нигарем эҳтиёҷманд нест.

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ МУҲИМИ ТАЪРИХИИ МОСТ!

АНДЕША. Рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар  тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Яъне,  ин санади муҳими таърихии мо аз ҷониби худи халқ, бо дарки масъулияти баланди хештаншиносӣ барои ояндаи дурахшони кишвар қабул карда шуд.

КОНСТИТУТСИЯ - БАҚОИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Конститутсия неъматест бебаҳо ва номаест сарнавиштсоз, ки ба даст овардани  он орзуву омоли  ҳар халқу миллат аст. Конститутсия  қонуни асосии  Тоҷикистон аст, ки баъди истиқлолияти миллӣ ба даст омад ва ҳимояи кулли ҳуқуқу манфиатҳои мо дар он кафолат дода мешавад.  Маҳз бо шарофати Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон барпо намудани давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр намуданд.

ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО

АНДЕША. Ҳар миллати  соҳибтамаддун, соҳибдавлат ба худ як идеал, роҳнамо ва Пешвои худро дорад, ки Сарварии халқу миллати хешро ба зимма дошта, худро дар хатар монда, барои ояндаи дурахшони халқу миллати худ ҷони ҷавониашро дар гарав  гузошт ва фидоии миллати хеш гардиданд, ки ин талошҳои  шабонарӯзии Пешвои миллат ӯро ба мартабаи  Пешвои миллат арзанда намуд.

ОЗОДИИ ИНСОН, КИ БА САД МАЗМУН АСТ…

АНДЕША. 6-уми ноябри соли равон ба фаъолияти волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар-Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-соли расо пур мешавад.

МИЛИТСИЯ ҲОМИИ БОЭЪТИМОДИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Ҳамасола санаи 10 ноябр аз таърихи милитсияи Тоҷикистон ёдовар гардида, ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ дар пеши назар оварда мешавад.

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

ЛЕВАКАНТ.  Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии хизбии “Пайравони Сино"  Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Конститутсия бахтномаи миллат" гузаронида шуд.

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ БАҲРИ ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН!

ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб  шанбегӣ баргузор намуданд.

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

КӮШОНИЁН.  Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Конференсияи бошукуҳ таҳти унвони “Бахтнома - калиди хушбахтии мо” бахшида ба “27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  доир гардид.

КОНСТИТУТСИЯ ЗИНДАГИИ ОСУДАРО БА МО ЗАМОНАТ МЕДИҲАД!

АНДЕША.  Оромии давлат бехатарии ҷамъият, иҷрои адолат ва таъмини амнияти шаҳрвандиро “Конститутсия” ба мо кафолат медиҳад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-қонуни асосӣ ба шумор рафта, ба тариқи райъдиҳии умумихалқӣ соли 1994 қабул гардидаст. Инак аз қабули Қонуни асосӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гардид ва мо дар остонаи ҷашнгирии 27-умин солагрди ин иди миллӣ қарор дорем.

ВАЗИФАИ МУҲИМИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 вохӯрии аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёно” бо мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев баргузор гардид.

КОНСТИТУТСИЯ НОМАЕСТ САРНАВИШТСОЗ

ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 27- солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия бо риояи расму оинҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид.

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

АНДЕША. Ҳар сол дар кишвар таҷлили рӯзи Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. 16  ноябри соли 1992, ин санаи тақдирсоз барои насли пешин, ки ҳама ҳаводису хотираҳояш порае аз таърихи миллатанд, аз ёдҳо нозудуданианд.

САЛОМАТИИ ҲАР ШАХС ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ

ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули “роҳ ба роҳ” гардиш доир намуда, бо сокинон оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус суҳбат карданд.

ФАЪОЛОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Ташкилоти ибтидоии “САҲШ”-и ноҳияи Восеъ дар озмуни эълон намудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Вобаста ба ин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ғолибонро табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон таманниёти нек орзу намуданд.

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосии хуро дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg