
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва ҳамзамон, фаҳмонидани моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуда, бо сардорони оилаҳо вобаста ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории коронавирус суҳбат намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дастрас карда шуданд.