БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ШАХС ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ

ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули “роҳ ба роҳ” гардиш доир намуда, бо сокинон оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус суҳбат карданд.

Зимни суҳбат бо сокинон намояндагони  ҳизбӣ иброз доштанд, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст, бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ риоя намуда, саломатии худ ба наздиконро ҳифз намоем.

Ҳамзамон аз ҷониби  аъзои  ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои маълумоти бештар дастрас намудани сокинон ба онҳо маводҳои таблиғотӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дастрас  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg