ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб шанбегӣ баргузор намуданд.
Дар корҳои ободониву созандагӣ кормандони Кумитаи иҷроия барои тозаю озода намудани назди бино, нарм намудани бехи гулу гулбутаҳо камари ҳимат баста, як қатор корҳои созандагиро ба анҷом расониданд.