БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

ЛЕВАКАНТ.  Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии хизбии “Пайравони Сино"  Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Конститутсия бахтномаи миллат" гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, инчунин омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Донишҷӯён дар мавзӯи Конститутсия маърӯзаҳо ва шеъру сурудҳо қироат намуданд.

Қайд гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои сохибистихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дуняви ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт.

Лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда дар давоми зиёда аз ду моҳ ба Шӯрои Олӣ зиёда аз ҳашту ним ҳазор пешниҳодҳо ворид гардид. Бо назардошти он ки дар муҳокимаи ин санади таърихӣ доираи васеи мардум иштирок карда, фикру андешаҳои худро фаъолона иброз намудаанд, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад: «Қонуни асоси мо, воқеан ҳам, Конститутсияи халқӣ мебошад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg