БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади татбиқи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бахшида  ба  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон вохӯрии  ҷавонони ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гулзор”-и  ҷамоати деҳоти Фирӯзаи  ноҳияи Носири Хусрав   таҳти  унвони "Конститутсия санади таърихсоз»   баргузор  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия Ализода Сурайё дар вохӯрӣ бо ҷавонон қайд намуд, ки ин санади муқаддас, ки ҷиҳати рушди ояндаи давлат таҳия ва қабул шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишварамон пойдор сохтааст.

Мавсуф дар идомаи сухан ба   ҷавонону  наврасон  муроҷиат  карда, изҳор дошт, ки   ҷавонон давомдиҳандагони  кору  фаъолияти насли  калонсол, нерӯи  тавоно ва  иқтидори воқеии пешрафти  ҷомеа, хулоса  ояндаи  давлат мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg