АНДЕША. Рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Яъне, ин санади муҳими таърихии мо аз ҷониби худи халқ, бо дарки масъулияти баланди хештаншиносӣ барои ояндаи дурахшони кишвар қабул карда шуд.
Конститутсияи мо ифодагари азму иродаи мардуми Тоҷикистон буда, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба инобат гирифта шудааст. Ин санад дар тули гузашти солҳо собит намуд, ки барои мардуми Тоҷикистон роҳи рушд, муттаҳиддиро таъмин намуд. Мардуми кишвари мо дар солҳои аввали қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти сиёсии давлатро нағз дар хотир дорад. Аммо бо гузашти солҳо Конститутсия тамоми камбудиву норасоиҳои мавҷудбударо аз байн бурда, пеши роҳи ҳама қонуншиканиро гирифт. Дастоварди бузурги имрӯзаи мо истиқлолият, амният ва озодӣ аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ қайд намуданд, ки: “Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, пос доштани рамзҳои давлатдорӣ, ки ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои устувори давлатдории навини мо мебошанд”.
Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки талаботҳои Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя намуда, аз дигарон низ риояи онҳоро талаб намоему дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамагуна қонуншиканиҳоро пешгирӣ намоем. Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мо шаҳрвандонро ба мисли сипар ҳимоя мекунанд.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ