БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҒОЗИ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ

ВИЛОЯТ. Шурӯъ аз санаи 8-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳи  муштарак аз ҳисоби  Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ оғоз гарддид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон  бо мақсади тарғиби вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии давлати исломии Афғонистон ва дигар масоили рӯмарра ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, дар чунин як дидору суҳбатҳои самимӣ бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов, нури Ваҳдат ва Озодагони ноҳияи назди сарҳадии Панҷ намояндагони ҳайати муштарак Ализода Аҳмадҷон раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ғуломов Меҳроҷ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб,  ҳамзамон роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Набизода Эмомалӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқоти ҳайати мазкур оид ба масъалаи вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодии  давлати бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон  фикру мулоҳизаҳои худро изҳор дошта, аз ҷамъомадагон бобати ҳифзу дифои марзу буми меҳан ва дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ даъват ба амал оварданд. Зикр гардид, ки ба хотири ҳифзи суботи амният дар кишварамон бояд ҳар як сокини ноҳияи наздисарҳадӣ сарҳадбон бошад ва дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар масъулияти дучанд эҳсос намояд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии ноҳияи Панҷ садоқату ҳамдилии хешро ба сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии Ватани азизро вазифаи муқаддаси хеш арзёбӣ доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg