БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИИ ИНСОН, КИ БА САД МАЗМУН АСТ…

АНДЕША. 6-уми ноябри соли равон ба фаъолияти волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар-Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-соли расо пур мешавад. Ҳанӯз 27 сол муқаддам 20-уми июли соли 1994 Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар Иҷлосияи Х1Х Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал барқарор доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеъӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, Конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият бояд дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Баъди чор соли Конститутсия - марҳилаи душвортарини таҳкими давлатдории нав мухолифати шаддиди неруҳои сиёсӣ ва буҳрони вазнини иқтисодӣ ва ниҳоят- дарёфти сулҳи сар то сарӣ, 5-ноябри соли 1998 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон он нуқтаро таъкид намудааст, ки «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ҷомеаи дар ҳақиқат демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, байналмилалӣ пурра ҷавобгӯй аст».

Сарфи назар аз он, ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуввумин шуда баъди Русия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5-Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули Конститутсия барои райъпурсии умумихалқӣ (на бо усули дигар, масалан тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Сардори давлатро оид ба ҷавобгуи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад.

Конститутсия санади бунёдию созандае мебошад, ки дар асоси он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. Омӯзиш ва эҳтироми Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд аз он ҷиҳат зарур аст, ки ин санад танзимгари ҳаёти ҷомеаи имрӯзу фардои давлату миллати мо ҳаст ва мемонад.

Албатта,  бо пешрафту тараққиёт ва дигаргуниҳои дар ҳама гуна давлатҳои мутараққӣ заруриятҳои дохил кардани тағйироту иловаҳо ва Конститутсия пеш меояд ва мо низ бояд мувофиқи талабот ва набзи зиндагӣ пеш равем.

Баъди қабули Конститутсия ва баъдан ворид намудани тағйироту иловаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва умри давлатдории мо дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд ва ҷумла дар асоси меъёрҳои демократӣ ва принсипҳои бисёрҳизбӣ баргузории интихоботи Президенти мамлакат, Маҷлиси Олӣ-ташкил намудани ду маҷлис: Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамқадам будани Тоҷикистони азизи моро нишон медиҳад. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президентӣ мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст. «Конститутсия бояд воқеан раҳнамои зиндагиву фаъолияти ҳар як шаҳрванд, инчунин ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бошад».

Хушбахтона, имрӯз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурии моро дар баробари кули мардуми Тоҷикистон, аксарияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд.

Фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда дар дохили мамлакатамон нишонаи имкониятҳои додаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар асоси Конститутсия ба ҳамаи шаҳрвандон кафолати ҳуқуқу озодиҳо дода шудаанд. Боби дуюми Конститутсия пурра «Ҳуқуқ, озодӣ, вазафаҳои асосии инсон ва шаҳрванд»-ро инъикос менамояд. «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд…», аз ҷумла омадааст дар Конститутсия. Ва ин нуқта бисёр муҳим ва ҷиддӣ мебошад, ки мақоми инсонро дар давлати мо хеле баланд мегардонад.

Аз ин рӯ омӯхтан, аз худ кардан ва дарк намудани моҳияти Конститутсия ва қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт ва зарур аст.

Донистани Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошад ва дар зиндагӣ аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда тавонад.

Олимзода  Низора, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg