БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ МУҲИМИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 вохӯрии аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёно” бо мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев баргузор гардид.

Зимни баромад корманди Кумитаи иҷроияи ноҳия қайд кард,ки вазифаи аз ҳама муҳими мо таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ,таъмини волоияти қонун мебошад. Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасб содиқ ба халқу давлати худ, руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста аст. Ҷавонони бонангу номус бояд ҳамеша ба хизмати Ватан тайёр бошанд.Имрӯзҳо, ки даъвати тирамоҳӣ рафта истодааст,  мо бояд фарзандони худро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дилу нияти нек сафарбар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg