АНДЕША. Ҳамасола санаи 10 ноябр аз таърихи милитсияи Тоҷикистон ёдовар гардида, ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ дар пеши назар оварда мешавад.
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод ва сохтори фаъоли давлатӣ табдил ёфтааст. Саҳми хизматчиёни он дар таъмини оромиву субот дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ниҳоят калон буда, мардум дар симои онҳо ҳомиву пуштбони худро мебинанд.
Дар моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” омадааст, ки – Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.
Миллитсияи тоҷик имрӯзҳо яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мебошад, ки ба самтҳои асосии фаъолияти милитсия ин ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо ва ғайра вогузор карда шудааст, ки ҳамаи мо шоҳидӣ бо муваффақият амалӣ гардидани ин вазифаҳо мебошем.
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳомиёни Ватан, кормандони милитсияи тоҷикро ба муносибати ҷашни касбиашон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти хизматиатонро таманно менамоям.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон