Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои ноҳия ҳамарӯза бо маром идома доранд.
Кормандони Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва Фурқати маркази ноҳия миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус роҳандозӣ карда, ба онҳо таъкид карданд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирӣ аз ин беморӣ безараргардонии ҷои кор ва макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.
Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.