
ВОСЕЪ. Ташкилоти ибтидоии “САҲШ”-и ноҳияи Восеъ дар озмуни эълон намудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Вобаста ба ин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ғолибонро табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон таманниёти нек орзу намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии “САҲШ”-и ноҳияи Восеъ дар ҳама чорабиниҳои ҳизбиву ноҳиявӣ фаъол буда, баҳри рушди ноҳия саҳми худро мегузоранд.