АНДЕША. Аз таҷрибаи хеш мушоҳида намудам, ки баъзан нафарон аз рӯи оддат худро бечораҳол гирифта, сад дарро ангушт мезананду мададу ёрӣ аз нафарони мансабдор талаб мекунанд. Онҳо аз ин амалӣ худ ба мисли касб одат карда, ҳеҷ вақт бо меҳнат дарёфт кардани пулро ба худ хос намедонанд. Дар асл агар ба шароити иҷтимоӣ он нафар нигарем эҳтиёҷманд нест. Аммо дар бештари маврид нафарони зарурманд муроҷиат мекунанд ба унвонии мансабдорону роҳбарон оид ба ҳалли мушкилотҳои худ, ба монанди муолиҷаи бемориҳои гуногун, сохтмони хонаи истиқоматӣ, пардохти қарзҳои бонкӣ ва ғайра. Ҳалли масъалаҳои онҳо бошад маблағҳои ҳангуфтро талаб мекунад. Дар чунин шароит агар имконияти молӣ набошад ба ӯ мегӯянд, ки иқтидори мо ба ҳалли мушкилоти шумо намерасад. Нафари зарурманд бо хиҷолат аз назди мутасаддиён рафта то ҳал шудани мушкилоти хеш шояд сад дари дигарро кубад. Дар ин маврид мо бо муносибати самимӣ ва риояи одоб бо ҳар як корафтода муносибат кунем, мушкилоти ӯро ҳамаҷониба таҳлил намоем, муроҷиаткунанда ҳис мекунад, ки шахси мутасаддӣ агар имконият дошта бошад, дастгирӣ мекунад.
Албатта, баъзан ҳолатҳо муроҷиаткунанда бе таҳлил мегӯяд, ки арзи онҳоро касе намешунавад. Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисол орем дар сурати баррасӣ нагардидани муроҷиати шаҳрванд дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, шахси мутасаддӣ.
Мутасаддиро зарур аст, ки ҳар як муроҷиаткунандаро бо диққат гӯш дода, дар навбати аввал имконият ва салоҳиятҳои худро фаҳмонад. Ба ӯ оид ба вазифаҳои худ нисбати ҳалли масъалаи муроҷиатнамудааш маълумот диҳад. Масъалае, ки муроҷиаткунанда пешниҳод мекунад, фаҳмонида шавад, ки ба кӣ дахл дорад. Дар чунин сурат шаҳрванд хулосаи лозимӣ бароварда, оид ба ҳалли масъалаи муроҷиати худ ба ҷойи лозимӣ арз мекунад.
Дар ҳама маврид агар мо бо забони содда ва муносибати хуб бо ҳар як нафари муроҷиаткунанда суҳбат кунем ӯ пай мебарад, ки масъалаи пешниҳоднамудаи ӯ то чи андоза ҳал мешавад ё не. Аз ин лиҳоз дар сурати самимӣ будани шахси мутасаддӣ, муроҷиаткунанда низ аз маълумотҳои дарёфтнамудааш қаноатманд мегардад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ