БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО

АНДЕША. Ҳар миллати  соҳибтамаддун, соҳибдавлат ба худ як идеал, роҳнамо ва Пешвои худро дорад, ки Сарварии халқу миллати хешро ба зимма дошта, худро дар хатар монда, барои ояндаи дурахшони халқу миллати худ ҷони ҷавониашро дар гарав  гузошт ва фидоии миллати хеш гардиданд, ки ин талошҳои  шабонарӯзии Пешвои миллат ӯро ба мартабаи  Пешвои миллат арзанда намуд. Дар  Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 16 ноябр, Рӯзи Президент ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ бо як тантанаю шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд, ки ин рӯз дар таърихи давлатдории мо рӯзи фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад.  Зеро дар ин рӯз се воқеаҳои бузурги таърихӣ дар зиндагиномаи давлати  соҳибистиқлоли мо рӯх додаанд, ки он ҳам бошад рӯзи 16.XI.1994 интихоби  Пешвои миллат  ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани чархаи 2 – юми агрегати Неругоҳи Барқии обии Роғун, ки  баробари ба истифода додани он Тоҷикистонро аз  вартаи норасоии нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу  зимистон расонид. Ин воқеаҳои бузурги хотирмон ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди  сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифта мешавад.

Дар ин рӯзи таърихӣ  мардуми шарифи   Тоҷикистон ба кӯчаҳо баромада санаи муқаддасро дар рӯҳияи баланди сиёсӣ истиқбол гирифта, дар  ҷойҳои махсуси истироҳатӣ сайру гашти оммавӣ баргузор намуда, хоҳони он пойдорию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлолиро ба якдигар  орзу менамоянд. Дар асоси сиёсати дурандешонаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар дурдасттарин деҳаҳои  аҳолинишин,  шароити инфрасохтори маҳал  таъмин карда шудааст, ки ин амал боиси ифтихору  сарафрозии мо тоҷику тоҷикистонён  мебошад.

Дигар ягон қуввае нест, ки сади роҳи  рушди  Тоҷикистонро гирад. Аз ин хотир Пешвои миллат  зери шиори  “Тоҷикистон ба пеш” ҳаракат кардан мебояд. Мо ҳама хурду калон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат будем, ҳастем ва  мебошем. Мо бо Шумоем Пешвои миллат!

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg