БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

КӮШОНИЁН.  Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Конференсияи бошукуҳ таҳти унвони “Бахтнома - калиди хушбахтии мо” бахшида ба “27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  доир гардид.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона ва масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.

Зимнан, Шомалангова Миҷгона  дар бораи Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои давлату миллат ёдовар шуда, ҳамагонро бо 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сипас, дар фарҷом ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин”, ки бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид, аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg