БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЯНДА БОД БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

“ Рузи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст.  Халқи  тоҷик  дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш  бори  аввал  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул кард. Иштироки фаъолонаи  сокинони  кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад”.

                           Эмомалӣ Раҳмон                                                                     

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9 сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди  барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бино бар ин, комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон  қабул шуд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардида, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “ Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.   

 Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg