АНДЕША. Конститутсия неъматест бебаҳо ва номаест сарнавиштсоз, ки ба даст овардани он орзуву омоли ҳар халқу миллат аст. Конститутсия қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки баъди истиқлолияти миллӣ ба даст омад ва ҳимояи кулли ҳуқуқу манфиатҳои мо дар он кафолат дода мешавад. Маҳз бо шарофати Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр намуданд.
Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат намуда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Хушбахтона бо шарофати ба даст оварадани Конститутсия дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрӯз дар кишвари мо кор бо ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи тарбияи насли наврас яке аз мавзӯҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Тарбияи насли наврас раванди бетанаффус ва доимӣ мебошад ва дар тарбияи ҷавонон тамоми ҷомеа вазифадору масъул аст.
Мо ҳизбиёни ноҳияи Ёвон бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем.
Мо, озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ваҳдат, бародарию баробарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамон Тоҷикистонро арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ, талош меварзем.
Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум аз меҳнати софдилона ва пурсамари ҳар яки мову шумо вобаста аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ, пойдории давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд. Имрӯз низ чун ворисони арзандаи ин қувваи бузург, ба дастовардҳои даврони истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллат арҷ мегузорем.
Хушбахт миллату давлатест, ки бо дарки вазифаи муқаддаси худ дар назди таъриху наслҳои ояндаи он соҳибқудратии ҷавононашро эътироф намуда ва нерӯи бузурги онҳоро сӯи ояндасозӣ раҳнамо менамояд.
Имрӯз дастовардҳои назарраси ҷавонон низ дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия эҳсос мешаванд. Ва имрӯз барои он, ки мардум боз ҳам хубтар аз Конститутсияи давлати худ огоҳ бошанд, мо фаъолонро лозим меояд, ки кӯшиши бештаре ба харҷ диҳем. Зеро ба мардум фаҳмонидани аҳамияти Конститутсия, талаботи он вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Имрӯз, ки ҳамагон ҷашни 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шодиву фараҳ пешвоз гирифтем, аз рӯи ақлу заковати хеш, чун узви яктан бояд як маром ва як мақсад дошта бошем. Ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ва ба қадри он дастовардҳое, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, бирасем. Ва ҳамагон ба он кӯшиш намоем, ки бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистону ноҳияи маҳбубамонро нумую шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон