БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ ЗИНДАГИИ ОСУДАРО БА МО ЗАМОНАТ МЕДИҲАД!

АНДЕША.  Оромии давлат бехатарии ҷамъият, иҷрои адолат ва таъмини амнияти шаҳрвандиро “Конститутсия” ба мо кафолат медиҳад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-қонуни асосӣ ба шумор рафта, ба тариқи райъдиҳии умумихалқӣ соли 1994 қабул гардидаст. Инак аз қабули Қонуни асосӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гардид ва мо дар остонаи ҷашнгирии 27-умин солагрди ин иди миллӣ қарор дорем. Бояд қайд кард, ки  Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуд, дар ҳақиқат бахтномаи миллат ва шаҳодатномаи давлати соҳибистиқлол буда,  аз баракати  он Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва мардуми онро ҳамчун халқи бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ эътироф мекунанд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ дониста, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Маҳз мутобиқи меъёрҳои Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо амнияту осоиштагиро ба таври комил таъмин менамояд. Пас ба риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун  бояд ҳамеша омода бошем!

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg